Истифодаи воситаи пардохти электронӣ вақт ва маблағи шуморо сарфа мекунад.
Барои амалӣ намудани пардохт бо усули ғайринақдӣ, бояд яке аз воситаҳои пардохти электронӣ дархост ва дастрас шавад.
Баъд аз кушодани суратҳисоб ва сабти воситаи нақлиёт ҷиҳати пардохти гузариш истифодабаранда метавонад яке аз василаҳои электрониро харидорӣ намояд:
1.Корти толлингӣ имкон медиҳад, ки пардохт бе кумаки хазинадор бо наздик кардани корт ба таҷҳизоти хонандаи корт дар беруни хазинаи хатсайри Плазаи толлингӣ ва ё Нуқтаи вазнченкуни, сурат гирад. Барои пардохтҳо бо истифода аз корти толлингӣ хатсайрҳои экспресси муайян шудааст, инчунин истифодабаранда метавонад аз хатсайрҳои дорои хазиначӣ низ истифода кунад.
2. Васила барои амалӣ намудани пардохт, ки онро RFID меноманд, имкон медиҳад, ки пардохт бе кумаки хазинадор анҷом пазирад. Ин аломат рўи шишаи пеши воситаи нақлиёт, дар ҷои махсуси барои ин таҷҳизот муайяншуда насб мегардад. Вобаста ба тамға ва сохти воситаи нақлиёт ҷои васила метавонад тағйир ёбад. Пардохт ба таври автоматикӣ ҳангоми гузариши воситаи нақлиёт аз хатсайри Плазаи толлингӣ, сурат мегирад. Барои истифодабарандагони усули мазкури пардохт хатсайрҳои экспресси пешбинӣ шудааст. Ҳангоми тавозуни мусбат пардохт бе таваққуфи воситаи нақлиёт амалӣ мегардад.
3. Низоми ҷадид ҳамчунин имкон медиҳад, ки пардохт аз тариқи кортҳои бонкӣ низ амалӣ шавад. Пардохт бо кумаки хазинадор амалӣ гардида, доштани корти бонки дахлдор ҳатмӣ аст.
